Таъсиси воҳиди хадамот ба бахши хусусӣ ва сармоягузорон дар Тоҷикистон
Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз таъсиси воҳиди хадамот ба бахши хусусӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ҳадаф аз таъсиси ин ниҳоди ҷадид ҳимоят аз фаъолияти бахши хусусӣ ва ироаи хадамот ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ бо ҳамоҳангии бахшҳои иқтисодию тиҷории Тоҷикистон эълом шудааст.
Дастури таъсиси Маркази воҳиди хадамот ба бахши хусусӣ ва сармоягузорон дар Тоҷикистонро қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар пас аз дидор бо фаъолони бахши хусусӣ дар моҳи сентябр содир карда буд.
Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нишасти вижае бо масъулони бахшҳои иқтисодию тиҷорӣ роҳкорҳои фаъолияти муассири маркази ҷадид ва зарурати ҳамоҳангии идорот барои ҳимоят аз бахши хусусӣ ва сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ бо таъкид бар тарҳҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст ҳамчунин дар бораи афзоиши фаъолияти бахши хусусӣ барои беҳбуди содироти маҳсулот ба хориҷ, муаррифии тарҳҳои муҳими иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ ба фаъолону сармоягузорони дохилию хориҷӣ баҳсу табодули назар шудааст.