Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ширкатҳои воридкунандаи чӯб
Декабр 04, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
Мақомоти қазоии Русия алайҳи ду ширкати воридкунандаи чӯб аз ин кишвар ба Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Дар гузориши сомонаи Хадамоти гумруки минтақаи Сибири Русия номи ин ширкатҳо зикр нашуда, аммо эълом шудааст, ки онҳо дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд ва машғули воридоти чӯб аз вилояти Иркутски минтақаи Сибир Русия будаанд. Дар ин парванда аз ширкати дигаре низ ёд шуда, ки масъулияти воридоти чӯб аз Русия ба кишвари Афғонистонро дошт. Ин ширкат дар Англия ба сабт расидааст.
Гуфта мешавад, иллати ифтитоҳи парванда алайҳи ин се ширкат пардохт накардани маблағи хариди чӯб аз сӯйи онҳо будааст. Кулли ин маблағ 587.3 ҳазор доллар баровард шудааст.