Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ширкатҳои воридкунандаи чӯб
(last modified Tue, 04 Dec 2018 06:47:33 GMT )
Декабр 04, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ширкатҳои воридкунандаи чӯб

Мақомоти қазоии Русия алайҳи ду ширкати воридкунандаи чӯб аз ин кишвар ба Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Дар гузориши сомонаи Хадамоти гумруки минтақаи Сибири Русия номи ин ширкатҳо зикр нашуда, аммо эълом шудааст, ки онҳо дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд ва машғули воридоти чӯб аз вилояти Иркутски минтақаи Сибир Русия будаанд. Дар ин парванда аз ширкати дигаре низ ёд шуда, ки масъулияти воридоти чӯб аз Русия ба кишвари Афғонистонро дошт. Ин ширкат дар Англия ба сабт расидааст.

Гуфта мешавад, иллати ифтитоҳи парванда алайҳи ин се ширкат пардохт накардани маблағи хариди чӯб аз сӯйи онҳо будааст. Кулли ин маблағ 587.3 ҳазор доллар баровард шудааст.