Декабр 04, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Табрики намояндаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои сабти чакан

Намояндаи тозатаъйини дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон сабти чаканро дар феҳристи ЮНЕСКО табрик гуфт.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Мерилин Йосефсон дар мулоқот бо Шамсиддин Орумбекзода, ки рӯзи сеюми декабр баргузор шуд, ба феҳристи Юнеско дохил шудани чаканро дастоварди муҳиме барои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг донист ва онро ба аҳли фарҳанги ин кишвар табрик гуфт. Бар асоси ин гузориш, дар ин дидор ду тараф ҳамчунин масъалаи таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, рушди бахши гардишгарӣ ва маориф ва низ омода кардани мутахассисонро дар бахши фарҳангу санъат баррасӣ намуданд.

Чакан, ки навъе аз либоси гулдӯзишудаи тоҷикӣ аст, рӯзи 29 ноябр дар Феҳрасти мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО сабт шуд.