Декабр 04, 2018 18:03 Asia/Dushanbe
  • Барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар дастури кори мақомоти тоҷик ва афғон

Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасте дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба таомулоти фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.  

Ба нақл аз Форс, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Саид Маъсуми Бадахш, кордори сафорати Афғонистон дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дутараф дар ин дидор масоили марбут ба таомулоти мутақобили ду кишварро дар ҳавзаи фарҳанг ва ҳунар ва иҷрои барномаҳои муштараки фарҳангӣ баррасӣ карданд.  

Ҳамчунин дар ин дидор дар бораи ширкати ҳунармандони тоҷик ва афғон дар барномаҳои ҷашни “Наврӯз-2019” баҳс ва табодули назар карданд.