Таҷлил аз ғолибони озмуни навҷавонони ихтироъкор ва китобхон дар Суғд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39968-Таҷлил_аз_ғолибони_озмуни_навҷавонони_ихтироъкор_ва_китобхон_дар_Суғд
Раиси вилояти Суғд ба навҷавонони ихтироъкор ва китобхон туҳфаҳои арзанда тақдим кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 05, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз ғолибони озмуни навҷавонони ихтироъкор ва китобхон дар Суғд

Раиси вилояти Суғд ба навҷавонони ихтироъкор ва китобхон туҳфаҳои арзанда тақдим кард.

Ба нақл аз Спутник, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд аз ғолибони мусобиқаи "ихтироъкорон ва навоварони наврас" бо пешкаши туҳфаҳое таҷлил кард.

Дар ин вилоят мусобиқаи "ихтироъкорон ва навоварон" ва "беҳтарин хонандаи китобхони соли 2018" баргузор шуд, ки дар поёни озмуни  ихтироъкорон "Дониёрбек Мирзҳомидов" аз мактаби рақами 37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақоми нахустро касб кард ва "Бобоҷон Қаюмов" донишҷӯи донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифт.

Ҳамчунин Меҳринисо Ҳошимова, Ҷамшед Қурбонбоев, Ситора Алиқулова, Оростамоҳ Қодирзода, Парвина Содиқова,Ирода Аҳмадҷонова ба тартиб дар ҷойҳои баъдии ин озмун қарор гирифтанд.