Декабр 06, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Барномаи бардошти пахта дар Тоҷикистон 90 дарсад иҷро шудааст

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 323 ҳазор тонна пахта аз мазрааҳои ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 90 дарсад аз барномаи бардошти ин маҳсул дар соли ҷорӣ аст.  

Ба нақл аз сомонаи вазорат, аз ин мизон 200 ҳазор тонна саҳми вилояти Хатлон, 112 ҳазор тонна саҳми вилояти суғд ва наздик ба 11 ҳазор тонна мутааллиқ ба кишоварзони навоҳии марказии Тоҷикистон аст.  

Имсол мебоист аз185 ҳазор гектар замини зери кишти пахта дар Тоҷикистон беш аз 368 ҳазор тонна маҳсул бардошт мешуд.

Пахта пас аз Алюминиюм дувумин маҳсули муҳими содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки бахши умдаи он ба хориҷ содир мешавад.

Солҳои ахир ба далоили мухталиф иҷроии барномаи давлатии бардошти пахта дар Тоҷикистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ шуда ва маҳсуле камтар аз миқдори пешбинишуда бардошт мешавад.

Дар солҳои ахир ба далоили мухталиф иҷрои барномаи давлатии бардошти пахта дар Тоҷикистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ шуда ва маҳсуле камтар аз миқдори пешбинишуда бардошт мешавад.

Дар Тоҷикистон дар даврони пеш аз истиқлол аз ҳудуди 500 ҳазор гектар замин пахта солиёна беш аз 930 ҳазор тонна маҳсул бардошт мешуд, аммо акнун ба далели набуди сармоя, фоизи болои қарзҳои бонкӣ, фарсудагии мошинҳои кишоварзӣ ва гарон будани қиммати сӯхт ва куди химиявӣ, бисёре аз кишоварзони Тоҷикистони кор дар Русияро ба кишти пахта дар ватан тарҷеҳ медиҳанд.