Декабр 08, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
  • Тарҷума ва нашри ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ

Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ғазалҳои Камоли Хуҷандиро ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр кардааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, “Ишқи минӯӣ” - маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ бо тарҷумаи Александр Ҳайзер дар нашрияи “Ношир” –и шаҳри Хуҷанд чоп шуда ва дар дастраси хонандагон қарор гирифтааст.

 Ин китоб 17 ғазали шайх Камоли Хуҷандиро дар бар мегирад.

 Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ашъори шайх Камоли Хуҷандӣ нахустин бор аст, ки ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр мешавад.

Шайх Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба Камоли Хуҷандӣ - шоир ва орифи бузурги қарни 14 мелодӣ аст, ки соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон гушудааст. Ин шоири порсигӯ пас аз сафари ҳаҷ дар шаҳри Табрез сукунат гузид ва соли 1401 дар ин шаҳр дори фониро видоъ гуфт.