Ҳафт хостаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон
(last modified Mon, 10 Dec 2018 16:15:31 GMT )
Декабр 10, 2018 21:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт хостаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон

Дар митинги тарафдорони оппозитсия дар Берлин аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалӣ Ҳаит, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов ва дигар роҳбарони ҲНИТ ва "Гуруҳи 24”-ро аз зиндон озод кунанд.

Ба нақл аз Ахбор, бино ба хабарҳои расида аз Душанбе, гирдиҳамоии ҷавобӣ дар назди сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе, ки дар посух ба гирдиҳамоии тарафдорони оппозитсия дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин даъват шуда буд, доир нашуд.

Тибқи нақша, мебоист рӯзи 10 декабр, соати 16 беш аз 500 нафар аз ҷониби вазорати об, пажӯҳишгоҳи амрози меъда, тарабхонаи "Гулдаста” ва биноҳои маҳаллаи 82 ба назди сафорати Олмон рехта, ин кишвари Аврупоро барои "пуштибонӣ аз терроризм”, аз ҷумла барои паноҳ доданаш ба роҳбарони ҲНИТ маҳкум кунанд.

Як манбаи наздик ба ҳукумат ба сомонаи "Ахбор” гуфт, баргузории митинг дар назди сафорати Олмон ҷавобгӯи манфиатҳои Душанбе нест: "Олмон яке аз кишварҳои муҳими ҳамкори ҳукумати Тоҷикистон ва аз мададрасонҳои бузурги кишвари мост. Нақшаи митинг дар назди сафорати ин кишвар метавонист ба равобити Душанбеву Берлин латма бизанад”.

Митинги Душанбе дар ҷавоб ба эътирозе буд, ки тарафдорони оппозитсияи тоҷик нимаи аввали рӯзи 10 декабр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин доир карданд.

Дар қатъномае, ки дар анҷоми тазоҳуроти Берлин қабул шуд, тазоҳургарон пеши ҳукумати Тоҷикистон 7 талаб гузоштанд: Иҷрои дархости Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар мавриди зодии фаврӣ ва беқайдушарти Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров ва пардохти товон, озодии Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Мақсуд Иброҳимов ва дигар роҳбарону фаъолони ҲНИТ ва "Гуруҳи 24”, равшан кардани сарнавишти блогер Эҳсон Одинаев, ки се сол пеш дар Русия ғайб зад, нашри рӯйхатти комили қурбониёни саркӯби ошӯб дар зиндони сеюми Хуҷанд ва ба ҷавобгарӣ кашондани масъулони қатли маҳбусо, қатъи шиканҷаву озори зиндониён, қатъи фишору таъқиби волидон ва наздикони мухолифони сиёсии ҳукумат, риояи паймонҳои байналмилалие, ки ҳукумати Тоҷикистон имзо кардааст, ба хусус Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ таҳкиркунандаи шаъну шараф.

Тазоҳургарон аз сафири Тоҷикистон дар Берлин Соҳибназар Ғайратшо хостаанд, то ин дархостҳои онҳоро ба мақомоти Душанбе, аз ҷумла ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кафили иҷрои Қонуни асосӣ бирасонад. Тазоҳургарон шиорҳо бо талаби озодии маҳбусони сиёсӣ дар назди парлумони Олмон низ раҳпаймоӣ кардаанд.