Боздошти сарбози муттаҳам ба қатли афсари марзбонии Тоҷикистон
Сарбози постгоҳи марзбонии ноҳияи Шуғнон дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон, ки муттаҳам ба қатли Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи ин нерӯ аст, боздошт шуд.
Ба гузориши сомонаи “Tajweek”, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон бо таъйиди ин ҳодиса гуфтааст, ки сарбоз Наврӯзов боздошт ва таҳқиқи ин ҷиноят оғоз шудааст.
Қаблан манобеи хабарӣ навишта буданд, ки афсар Муносиб Олимбеков ҳангоме ки талош мекард, телефони ҳамроҳи Наврӯзовро ба далели мамнӯияти истифода аз ин васила дар шароити нигаҳбонӣ дар постгоҳ бигирад, мавриди ҳамлаи ин сарбози бо аслиҳа қарор гирифта, ҷони худро аз даст додааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин сарбоз пас аз қатли муовини фармондеҳи постгоҳи марзбонии ноҳияи Шуғнон ба Афғонистон фирор карда, ки пас аз 10 соат боздошт ва ба мақомоти додситонии низомии вилояти Бадахшон таҳвил дода шудааст. Аммо мақомоти нерӯи марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин моҷаро идома дорад ва иллату ангезаи сарбоз Наврӯзов аз қатли афсари постгоҳи марзбонии ноҳияи Шуғнон мушаххас хоҳад шуд.