Пулисҳои назофатчӣ дар Душанбе
Декабр 11, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
Дар иқдоми ҷолиби таваҷҷуҳе гурӯҳе аз пулисҳои Тоҷикистон ба тоза кардани бахше аз шаҳри Душанбе аз партов пардохтанд.
Ба гузориши “Азия плюс”, ин гурӯҳ аз кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо ҳидояти сарҳанг Абдуссаттор Фаттоҳзода, мудири бахши кор бо ноболиғон ва ҷавонони ин вазорат хиёбони Рӯдакии Душанберо аз партов тоза карданд.
Гуфта мешавад, дар барномаи поккории шаҳри Душанбе 200 нафар аз нерӯҳои пулис ширкат доштанд. Ин иқдом таҳти унвони "шанбегӣ" сурат гирифт, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ миёни кормандони сохторҳои давлатӣ роиҷ аст.