Декабр 11, 2018 18:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ дар нуфузи терроризм

Тоҷикистон соли ҷорӣ дар шохиси ҷаҳонии терроризм дар миёни 163 кишвар паллаи 74-умро дарёфт кард.

Ба нақл аз Форс, мувофиқи феҳристи тартибдодаи пажӯҳишгоҳ Афғонистон аз ҳисоби шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ дар аввал қарор гирифтааст ва сипас Ироқ, Нигерия, Сомали, Сурия, Покистон ва Миср номбар карда мешаванд.

Тоҷикистон дар ин феҳрист дар ҷойи 74, Қазоқистон 75 ва Қирғизистон 80-ум қарор гирифтаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон дар мавқеи поёнтарин, ҷойи 132-ум қарор гирифтааст.

Русия дар ин раддабандӣ мақоми 34-умро мегирад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ се сол пайи ҳам кам мешавад. Сабабҳои асосии онро ба заиф шудани гурӯҳи террористии ДИИШ иртибот медиҳанд.

Гузориши "Феҳристи ҷаҳонии терроризм" "нуфузи терроризм"-ро инъикос мекунад ва мувофиқи таҳлилҳои шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва омилҳои ҷуғрофияи сиёсии пайдоиши терроризм, тамоюлҳои дурударози рушди он ва стратегияҳое, ки аз он террористон истифода мебаранд, тартиб дода шудааст.

Раддабандӣ 163 кишварро фаро гирифтааст.