Декабр 12, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Севумин музояда барои фурӯши корхонаи дӯзандагии Фирташ дар Тоҷикистон

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои фурӯши корхонаи дӯзандагии мавсум ба “Гулистон” дар маркази шаҳри Душанбе барои бори савум музояда эълом кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин корхона, ки қаблан аз они Дмитрий Фирташ, сармоядори украинӣ буда ва бо ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мусодира шудааст, аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта мешавад.

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қимати оғози музоядаи ин корхонаро 24 миллиону 220 ҳазор сомонӣ (наздики 2 миллиону 600 ҳазор доллар) унвон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар музоядаи мушобеҳе дар соли 2017 қимати оғози ин корхонаро дар музояда 32 миллион сомонӣ (наздик ба чаҳор миллион доллар) таъйин карда буданд, аммо харидоре барои ин корхона пайдо нашуд.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баҳори соли 2014 дар пайи шикояти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар хусуси ғайриқонунӣ будани вогузории ин корхона ба бахши хусусӣ, 95 дарсад аз саҳми Дмитрий Фирташ, сармоядори украиниро лағв кард.

Гуфта мешавад, ки панҷ дарсади боқимонда аз саҳми корхонаи дӯзандагии “Гулистон” мутааллиқ ба Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов - тоҷири зиндонӣ аст.

Ба иддаои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Зайд Саидов дар солҳои 2000 то 2005, ки вазири саноат буд, ин корхонаро ба сурати ғайриқонунӣ ба Дмитрий Фирташ, сармоядори украинӣ вогузор карда буд.

Пеш аз ин низ бар асоси ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон, корхонаи тавлиди куди шимиёии “Тоҷиказот” дар вилояти Хатлон, ки саҳми молии он мутааллиқ ба Дмитрий Фирташ, сармоядори украинӣ буд, мусодира ва ба як ширкати чинӣ вогузор шудааст.