Декабр 12, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Таътилии якрӯзаи соли нав дар Тоҷикистон

Таътилоти соли нав дар Тоҷикистон имсол ба як рӯз коҳиш ёфт.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ҷашни соли нав мардуми Тоҷикситон, имсол танҳо якуми январ рӯзи истироҳт хоҳанд дошт.

Бар асоси қонун, охирин рӯзи соли 2018, 31-уми декабри рӯзи душанбе хоҳад буд ва ин рӯз дар Тоҷикистон рӯзи корӣ ба ҳисоб меояд.

Ҳамчунин дуввуми январ низ рӯзи корӣ эълом шудааст.

Соли гузашта мардуми Тоҷикистон ба муносибати соли нав се рӯз таътил буданд.

Дар Русия аз 30-уми  декабр, то нуҳуми январ ба муносибати ҷашнҳои соли нав рӯзҳои истироҳатӣ аст.