Декабр 12, 2018 14:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои иқтисодӣ - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Молдова

Севумин комиссияи байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Молдова дар шаҳри Кишинев баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин нишаст бо ҳузури Абдулмаҷид Мубинзода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон ва Юлин Дружин, дабири давлатии Вазорати иқтисоди Молдова оғоз ба кор кард.

Дар ин нишаст ду тараф дар мавриди густариши равобити иқтисодӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи саноат, корофаринӣ, аз ҷумла касбу корҳои хурду миёна, ҳамлунақл, энержӣ, иртиботот ва фанновариҳои пешрафта, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму омӯзиш, фарҳанг ва гардишгарӣ баҳсу гуфтугӯ карданд.

Мубинзода ва Дружин ҳамчунин бар сари ҳамкории сесола байни давлати Тоҷикистон ва Молдова барои солҳои 2019-2021 ба тавофуқ расиданд.

Мақомоти аршади Тоҷикистон ва Молдова ҳамчунин дар бораи густариши чорчӯбҳои қонунӣ дар заминаҳое назири ҳимоят аз саломат, гардишгарӣ, варзиш, ҳамлунақл ва фарҳанг тавофуқ карданд.

Пас аз поёни ин ҷаласа протоколе дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба имзои тарафайн расид.