Декабр 14, 2018 17:37 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон ва Русия барои идомаи ҳамкорӣ дар заминаи бартарафсозии офатҳои табиӣ

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва муовини Кумитаи шӯрои федератсияи Русия дар умури дифоъ ва амният дар Душанбе бо якдигар дидор ва бар афзоиши ҳамкорӣ дар ин замина таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар дидори Михаил Козлов бо ишора ба омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои тахассусии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз тарафи русӣ барои ҳимояти ҳамешагӣ аз Тоҷикистон дар заминаи омодагӣ дар баробари шароити фақулода қадрдонӣ кард.

Назарзода ҳамчунин бар зарурати фаъолсозии тавофуқномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия дар заминаи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид кард.

Муовини Кумитаи шӯрои федератсияи Русия дар умури дифоъ ва амният низ гуфт: Русия ба таври ҳамаҷониба аз тавсиаи ҳамаи тарҳҳо ва барномаҳои муштарак ва ҳамчунин фаъолсозии тавофуқномаи тасвибшуда бо тарафи тоҷикистонӣ ҳимоят мекунад.

Тоҷикистон ва Русия барои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар заминаи пешгирӣ аз вуқӯи буҳронҳои табиӣ ва инсонӣ дар моҳи октябри соли гузашта барномаи иқдомоти муштарак барои солҳои 2018-2019-ро имзо карданд.