Барканории шумори дигаре аз мақомот дар робита бо ошуби зиндони Хуҷанд
(last modified Fri, 14 Dec 2018 14:12:23 GMT )
Декабр 14, 2018 19:12 Asia/Dushanbe
  • Барканории шумори дигаре аз мақомот дар робита бо ошуби зиндони Хуҷанд

Бо гузашти беш аз як моҳ аз ошуб дар зиндони шаҳри Хуҷанд, пасларзаҳои ин ҳодиса ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши манобеи маҳаллӣ, ба тозагӣ шуморе дигар аз мақомоти додситонии Тоҷикистон ба иттиҳоми кӯтоҳӣ ва саҳлангори дар моҷарои ошуби хунини зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд барканор шуда ва бозҷӯӣ шудаанд.

Аз ҷумлаи ин афрод Шамс Нурализода мудири шӯъбаи додситонии кулли Тоҷикистон дар умури назорат бар муассисаҳои ислоҳӣ аст.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, Нурализода , ки фармони барканории ӯ дирӯз аз сӯи Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон имзо шуд, ҳафтумин мақоми додситонии ин кишвар аст, ки дар иртибот бо ошуби зиндони Хуҷанд аз кор ихроҷ шудааст.

Пеш аз ин 6 нафар аз мақомот додситонии вилояти Суғд ҳам ба сабабҳои мушобеҳ барканор шуданд.

Ошуб дар зиндон шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд дар пайи бадрафтории зиндонбонон бо як зиндонӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бинобар иттилои манобеи мухталиф аз 23 то 50 кушта ва беш аз 100 захмӣ бар ҷой гузошт.