“Сад ранги чакан” ба Душанбе омад
Маҳфили фарҳангии “Сад ранги чакан” дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, шаҳрдори шаҳри Душанбе рӯзи 15 –уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ эълом кард, маҳфили фарҳангии “Сад ранги чакан” дар толори давлатии Душанбе баргузор шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин барномаи фарҳангӣ ба муносибати сабти “чакан” дар феҳристи муассисаи илму фарҳанги Созмони Милал – ЮНЕСКО баргузор шудааст.
Дар ин баёния омадааст, ҳадаф аз баргузор кардани ин барномаи фарҳангӣ - эҳтиром ва арҷ гузоштан ба мероси ғаниву таърихии фарҳанги тоҷик аст.
Дар ин маҳфил мақомоти расмӣ ва ҳунармандон ширкат доштанд. Қабл аз оғози маҳфил, ширкаткунандагон аз намоишгоҳи ҳунари “Чакан” боздид карданд.
Дар ин намоишгоҳ намунаҳои гуногуни чакан ва лавозими хонадорие монанди либос, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ , гаҳворапӯш ва камарбанд, ки бо нақшу нигорҳое аз қабили косаи гул, гули анор, барг, гандум, баргак, барги бед, барги гул, барги сафедор, гули лола, булбул, думи товус ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ ороиш дода шуда буданд, дар маърази диди умум қарор гирифтанд.
Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО 20 –уми ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт Луис Морис баргузор шуд, чакани тоҷиконро ба листи фарҳангии ин муассиса ворид кард.