Декабр 16, 2018 15:31 Asia/Dushanbe
  • Устоди донишгоҳи Русия: Ҳалимов дар Афғонистон аст

Як устоди донишгоҳ дар Русия аз зинда будани Гулмурод Ҳалимов ва эҳтимоли истиқрори ӯ дар Афғонистон хабар дод.

Лариса Хопёрская устоди донишгоҳи словӣ-қирқизӣ-русӣ, дар ҳаштумин кунгураи саросарии улуми сиёсии Русия, дар Пажӯҳишкадаи давлатии равобити байналмилали Москва гуфт: Гулмурод Ҳалимов тоҷике, ки дар миёни террористҳои ДИИШ ба мақоми олии фармондеҳӣ расида, дар Афғонистон мустақар шудааст.

Ин коршиноси сиёсӣ афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба инки Ҳалимов дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил кардааст ва бо созмони CIA иртиботи наздике дорад, мумкин аст бо хадамоти вижаи Иёлоти Муттаҳида, ки ҳамчунон ба бозии худ дар минтақа идома медиҳад, ҳамкорӣ кунад, зимни ин ки бисёре аз шавоҳид иртиботи ДИИШ ва хадамоти иттилоотии Амрикоро таъйид мекунад.

Хопёрская гуфт: Борҳо гуфта шуда, ки Ҳалимов кушта шудааст, аммо чанд рӯз пеш хабари зинда будани ӯ дубора мунташир шуд ва зоҳиран ӯ фаъолиятҳои худро идома медиҳад.

Ба гуфтаи Хопёрская, эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар Афғонистон ва таҳдиди Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон комилан воқеӣ аст ва бесуботии Тоҷикистон яке аз аҳдофи аслии террористҳои ДИИШ, ба манзури ҷилавгирӣ аз якпорчагии Авру-Осиё аст.

Вай бо баёни инки ҳузури Амрико дар Афғонистон таниш дар ин кишварро коҳиш надодааст, афзуд: Даргирии рӯ ба рушди миёни Амрико ва Чин ва Эрон метавонад, бар раванди ҳаллу фасли ихтилофоти Афғонистон таъсири манфӣ бигузорад.

Ин устоди донишгоҳ ёдовар шуд, ки ҳамакнун чандин ҳазор ситезаҷӯи созмонҳои террористӣ дар ҳоли тақвияти мавозеи худ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ҳастанд.