Декабр 17, 2018 09:48 Asia/Dushanbe
  • 20 миллион сомонӣ ҳазинаи фаъолияти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон барои соли 2019

Маблағи 20 миллиону 730 ҳазор сомонӣ (муодили 2 миллион доллар) барои фаъолияти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар соли 2019 аз буҷаи ҳукумати ин кишвар, ихтисос дода шуд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ аст ва 207 нафар низ ба унвони корпардоз ва корманди фаннӣ дар он фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, яке аз намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон, маблағи 20 миллиону 730 ҳазор сомонӣ дар буҷаи соли 2019 ҳукумати ин кишвар барои фаъолияти ниҳоди қонунгузории ин ҷумҳурӣ ихтисос ёфтааст, ки дар муқоиса бо соли ҷорӣ, 730 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Аз дидгоҳи вай, ин маблағ барои фаъолияти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар соли 2019 кофӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран ҳуқуқи моҳиёнаи Намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон, ки қаблан 5 ҳазор сомонӣ буд, ба 6 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки муодили 650 доллар мебошад. Ҳар чанд мизони ҳуқуқи моҳиёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 200 сомонӣ (муодили 120 доллар) аст.