Афзоиши интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40225-Афзоиши_интиқоли_даромади_ирсолии_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_аз_Русия
Бонки Марказии Русия аз интиқоли як миллиарду 900 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон, дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 17, 2018 10:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия

Бонки Марказии Русия аз интиқоли як миллиарду 900 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон, дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки Марказии Русия, даромадҳои ирсолии коргарони тоҷикистонӣ дар ин муддати 170 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл будааст.

Бар асоси ин гузориш, 80 дарсад аз маҷмӯи даромади ирсолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба кишварашон ба рубли русӣ, 18 дарсад ба доллар ва  2 дарсад боқимонда ба евро ва соири арзҳои хориҷӣ будааст.

Тоҷикистон пас аз Узбакистон дувумин кишвар дар қаламрави Итиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) аст, ки коргарони муҳоҷири он ҳамасола беш аз 2 миллиард доллар даромади худро аз тариқи шабакаҳои бонкӣ ба кишварашон ирсол мекунанд. Аммо дар 4 соли ахир ва дар пайи эъмоли таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон дар маҷмӯъ 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2014 коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба ватанашон 4 миллиарду 200 миллион доллар ирсол карда буданд, ки ин рақам дар 4 соли ахир ба 2 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ, коргарони муҳоҷири қирғизистонӣ барои бори нахуст аз Русия ба кишварашон як миллиарду 700 миллион доллар ирсол кардаанд, ки рекорд ба ҳисоб меояд.

Теъдоди коргарони муҳоҷири қирғизистонӣ дар муқоиса бо коргарони узбек ва тоҷик дар Русия камтар аст, аммо ба далели узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, коргарони муҳоҷири қирғизистонӣ аз пардохти ҳазинаи моҳонаи муҷаввизи кор ва иқомот дар Русия муоф ҳастанд,  ки ин мавзӯ муҷиби афзоиши даромади молии онон мешавад. Дар ҳоле, ки коргарони муҳоҷири узбек ва тоҷик ба иллати узв набудани кишварҳояшон дар ин иттиҳод, аз ин имтиёз маҳруманд ва мутаҳаммили ҳазинаҳои зиёди молӣ мешаванд.