Декабр 18, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қиматҳо дар Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар аз афзоиши қиматҳо тайи 11 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Tajweek”, тайи моҳҳои январ то ноябри соли ҷорӣ қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон 4,8 дарсад, маҳсулоти саноатӣ 5,5 дарсад ва нархи хадамот 5,8 дарсад афзоиш ёфтааст. Бар асоси ин гузориш, тайи ин муддат қимати биринҷ 11 дарсад, рӯғани маска 31,5 дарсад, рӯғани моеъ 11,1 дарсад, орд 10,3 дарсад ва сабзиҷот 2 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин дар ин муддат афзоиши 17,9-дарсадии бензин, 7,8-дарсадии гази моеъ, 11,9-дарсадии маҳсулоти абрешимӣ, 9,6-дарсадии лавозими хонагӣ, 8,5-дарсадии дору, 7,2-дарсадии семент ва 5,7-дарсадии маводи шустушӯӣ мушоҳида мешавад. Аз сӯйи дигар тайи моҳҳои январ то ноябри соли ҷорӣ қимати билети ҳавопаймо 23,6 дарсад, барқ 14,9 дарсад, об 10,4 дарсад ва кирояи васоили нақлияи умумӣ 1,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон мизони таваррум дар ин муддатро 7 дарсад унвон кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7 дарсад эълом шуда буд.