Декабр 19, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
  • Хушқадам Хусравов беҳтарин варзишкори соли 2018 –и Тоҷикистон

Ширкати тоҷикии “Формула 55” бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ гуштигири тоҷик Хушқадам Хусравовро беҳтарин варзишкори соли 2018 дар Тоҷикистон эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Хушқадам Хусравов, ки имсол унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар риштаи гуштии самбо дар вазни 62 килограм ба даст овард, аз байни 9 варзишкори тоҷик бештарин раъйро аз они худ кард.

Ҷойгоҳи дувумро дар ин назарсанҷӣ гуштигири дигари тоҷик Саидҷалол Саидов касб кард ва радаи севум ба Зуҳро Холова тааллуқ гирифт.

Маросими тақдими ҷоизаи "Беҳтарин варзишкори соли 2018" соли оянда баргузор мешавад.

Ин назарсанҷӣ аз 26 –уми ноябр то 15 –уми декабр дар сомонаи ширкати “Формула 55” баргузор шуд.