Декабр 20, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Боздошти роҳбари собиқи барномаи

Нурулло Наимов, роҳбари собиқи барномаи "Манзили дастрас”, яке аз тарҳҳои пуриддаои маъмурияти собиқи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи Марказӣ, боздошти Наимов ва се зердасташ бар асоси шикояти муштариёни "Манзили дастрас” сурат гирифтааст. Ҳадаф аз ин барнома таъмини мардуми ниёзманд, бахусус аҳли фарҳанг, омӯзгорону табибон ва кормандони буҷавӣ бо манзили арзон дар пойтахт буд, вале сохтмони хонаҳояш тӯл кашид ва даҳҳо нафар шикоят доранд, ки пул дода, вале то ҳол соҳиби хона нашудаанд.

Дар Додситонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки боздошти ӯ ва се тан аз ҳамкоронаш бар асоси шикояти муштариёни тарҳи"Манзили дастрас" сурат гирифтааст.

Алайҳи раҳбари пешини "Манзили дастрас" тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқот идома дорад.

Нурулло Наимов, раиси тарҳи "Манзили дастрас” дар моҳи августи соли ҷорӣ муваққатӣ аз масъулияташ дур шуда, ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз карда буд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар тобистони соли ҷорӣ аз додситонӣ тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунанд.

Масъулини "Манзили дастрас” мегӯянд, ҳоло ҳудуди80 дарсади корҳо дар ин тарҳҳо иҷро шудааст ва талош мекунанд, ҳар чӣ зуддтар хонаҳо дастраси соҳибонашон гарданд. Як корманди ин тарҳ ба муштариён машварат медод, гуфт, бо назардошти он, ки 80 дарсади корҳо анҷом шудааст, муштариёне, ки феълан мехоҳанд хона гиранд, бояд 75-80% маблағро пешпардохт намоянд.

Ҳоло нархи як метри квадратӣ аз хонаҳои манзили дастрас аз1981 то 4501 сомонӣ нишон дода шудааст. Нархи хонаҳо ба ҷойгиршавии он дар кадом ошёнаҳо вобаста аст. Барои як метри квадратӣ дар ошёнаи18-ум 1981 сомонӣ ва дар ошёни дувум 4501 сомонӣ гуфта шудааст.