Декабр 20, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бар густариши равобити иқтисодӣ

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бар густариши равобити иқтисодӣ таъкид карданд.

Ба нақл аз Форс, дар дидори Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон бо Мерилин Ҷозефсон, раиси дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, дутараф зимни баррасии масоили марбут ба сиёсати молӣ ва пулӣ, иқтисоди калон ва иҷрои тарҳҳои сармоягузории муштарак, густариши мубодилоти тиҷорӣ ва молиро хостор шуданд.  

Тарафайн дар поёни ин дидор дар хусуси тадовуми ҳамкориҳои созанда миёни вазоратхонаҳои молияи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар тамоми арсаҳо тавофуқ карданд.