Декабр 20, 2018 14:33 Asia/Dushanbe

Дар як вақт дар масҷид наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд.

Ба нақл аз манобеи расмӣ, дар Душанбе сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он дар як вақт наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд, идома дорад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи сохтмони ин иншооти барои намозгузорон пешбинӣ шуда, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.

Айни замон дар иншооти мазкур беш аз 300 нафар устоҳои бинокор аз саросари кишвар, ҳамчунин мутахассисони хориҷӣ машғули кор буда, то имрӯз аллакай зиёда аз 70 фоизи корҳо ба иҷро расидаанд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2019 дар назар аст.