Афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 21 Dec 2018 12:05:39 GMT )
Декабр 21, 2018 17:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот дар Тоҷикистон

Ожонси омори Тоҷикистон аз афзоиш 5,3 дарсадии ҳамлу нақли коло дар ин кишвар дар 11 моҳ гузашта хабар дод.

Ба гузориш хабаргузории Форс, ҳамлу нақли коло дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ то ноябр 73 миллион тон буда ва дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 5,3 дарсад афзоиш доштааст.

Ожонси омори Тоҷикистон эълом кард: Беш аз 68 миллион тон коло аз тариқи ҷодаҳо ҳамл шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта ин шохис 4,7 дарсад афзоиш доштааст.

Дар маҷмӯъ ҳудуди 93,4 дарсад аз маҳсулоти ин кишвар аз тариқи ҷодаҳо ва ҳудуди 5 дарсад аз тариқи роҳи оҳан ҷобаҷо шудааст.