Декабр 21, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши содироти филизоти гаронқимат аз Тоҷикистон

Тоҷикистон содироти филизоти гаронқиматро аз ибтидои соли 2018 коҳиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории Авесто, дар ёздаҳ моҳи гузашта нисбат ба давраи мушобеҳи соли қабл арзиши содироти филизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон як миллиону панҷсад ҳазор доллар коҳиш ёфтааст.

Соли гузашта дар маҷмӯъ беш аз 212 миллион доллар филизоти гаронбаҳо ба хориҷ аз Тоҷикистон содир шуда буд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати рушди тиҷорат ва иқтисоди Тоҷикистон аз коҳиши тавлиди тилло дар ин кишвар дар соли 2018 хабар дод.

Ин вазорат сабаби коҳиши содироти ин навъи филизотро баста шудани баъзе корхонаҳои тавлиди тилло эълом кардааст.