Арзёбии маҷаллаи “Форбс” аз авзои иқтисоди Тоҷикистон
Маҷаллаи “Форбс” бо интишори феҳристи беҳтарин кишварҳо барои сармоягузорӣ ва фаъолияти бахши хусусӣ дар соли 2018 –и мелодӣ, Тоҷикистонро дар миёни 161 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи 124 қарор дод.
Ба гузориши сомонаи маҷаллаи “Форбс”, дар ин радабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи тиҷорати озод ҷойгоҳи 118, мизони молиёти пардохтӣ 114, фанноварӣ 108, ҳифозат аз сармоягузорӣ 37, фасод ва ришвахорӣ 148, ихтироот ва навоварӣ 116 ва озодиҳои инфиродӣ 142 - ро ба худ ихтисос додааст.
Ин маҷалла бо ишора ба 97 дарсад кӯҳистонӣ будани қаламрави Тоҷикистон, вобастагии шадиди ин кишвар ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ, сахт будани шароити фаъолияти бахши хусусӣ ин авомилро мушкили ҷиддӣ барои иқтисоди заифи ин ҷумҳурӣ унвон мекунад.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Тоҷикистон 70 дарсад аз маводи ғизоии мавриди ниёзи мардумашро аз хориҷ ворид мекунад ва мизони қарзи хориҷии ин кишвар ба 50 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ баробар шудааст.
Дар ҳоле, ки ниме аз қарзи хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Чин мебошад ва ин омил метавонад мушкилоти иқтисоди Тоҷикистонро бештар кунад.
Ҳамчунин кунд шудани рушди иқтисоди Русия ва Чин ба Тоҷикистон низ таъсир хоҳад расонд. Зеро тайи 4 соли ахир ба далели таҳрими Русия ва кунд шудани рушди иқтисоди ин кишвар, ки муҷиби коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон шуд, суботи бозори дохилии Тоҷикистон ба ҳам хурда ва низоми бонкии ин ҷумҳурӣ бо буҳрони шадиди моли рӯбарӯ шудааст.
Қазоқистон дар ин феҳрист дар рутбаи 65 қарор гирифта ва аз бархе кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Озарбойҷон, ки дар ҷойгоҳи 70, Арманистон 87, Беларус 88, Узбакистон 105, Қирғизистон 108 ва Тоҷикистон 124 пеш аст, аммо аз Гурҷистон, ки дар ҷойгоҳи 44 ва Русия 55 аст, ақиб мондааст.