Болотарин дастмузд барои кормандони бонкҳо ва камтарин аз они кишоварзони тоҷик аст
Дар Тоҷикистон болотарин мизони маошро кормандони бонкҳо ва камтарин дастмуздро кишоварзон дарёфт мекунанд.
Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ҳаҷми маоши миёнаи моҳона дар моҳи октябри имсол дар Тоҷикистон ба як ҳазору 302 сомонӣ, ки муодили 138 доллар аст, расид.
Болотарин дастмузд ба кормандони бахши бонкии Тоҷикистон ихтисос дорад ва маоши онон 3 ҳазору 270 сомонӣ (347 доллар) - ро ташкил медиҳад.
Дастмузди моҳонаи кормандони истихроҷи маъдан 2 ҳазору 551 сомонӣ (муодили 270 доллар) ва муҳандисони сохтмон 2 ҳазору 476 сомонӣ (муодили 270 доллар) аст.
Дастмузди кории кормандони бахши муҳандисии барқ ва муҳандисии таъмини об низ ба 1 ҳазору 546 сомонӣ (муодили 164 доллар) мебошад.
Ин дар ҳолест, ки мизони маоши моҳона дар Русия 657 доллар, Қазоқистон 459 доллар, Беларус 421 доллар, Қирғизистон 216 доллар, Туркманистон 198 доллар ва Узбакистон 177 доллар эълом шудааст.
Ҳамчунин мизони миёнаи нафақаи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 272 сомонӣ эълом шудааст, ки наздик ба 30 доллар мебошад.