Декабр 22, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон барои комюнҳои Тоҷикистон сабукӣ додааст

Ҳукумати Узбакистон барои ҳаракати мошинҳои борбари бузург ё комюнҳои Тоҷикистон аз қаламрави худ сабукӣ пешбинӣ кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, акнун ронандагони комюнҳои тоҷикистонӣ метавонанд ба муддати 5 рӯз аз қаламрави Узбакистон убур кунанд.

То замони эъломи ин тасмим, ронандагони комюнҳои тоҷикистонӣ танҳо 3 рӯз метавонистанд дар қаламрави Узбакистон ҳузур дошта бошанд ва ҳар рӯзи таваққуфи изофӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя барои онон 70 доллар ҷарима дошт.

Пас аз беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, давлати Тошканд аз баҳори имсол ҳазинаи боҷи транзитӣ барои комюнҳои Тоҷикистонро аз 850 доллар ба 350 доллар коҳш дод.

Ҳамчунин ронандагони комюнҳои тоҷикистонӣ аз ҳаққи ҳаракат аз 18 масири транзити байналмилалии Узбакистон бархурдор шудаанд, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов танҳо аз 3 масир метавонистанд ҳаракат кунанд.

Сайфуллоҳ Қодиров, муовини идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати найлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки комюнҳои Узбакистон аз ҳаққи ҳузури 15 рӯза дар масирҳои Тоҷикистон бархурдоранд.

Ба гуфтаи ин мақоми Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар 11 моҳи гузашта мизони интиқоли коло аз роҳҳои заминии Узбакистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Қодиров афзуд, бар асоси тавофуқи Душанбе ва Тошканд, дар сурати бемории ронандагони комюнҳо ва ё мушкили фаннии васоили нақлияи онҳо, ин афрод бо ироаи мустанадот аз пардохти ҷарима барои деркард дар ҳаракат муоф (озод) хоҳанд буд.