Декабр 22, 2018 16:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири дохилии Тоҷикистон ва сафири Чин - мубориза бо терроризм меҳвари ройзанӣ

Вазири умури дохилии Тоҷикистон ва сафири Чин дар Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Лю Бин, сафири Чин дирӯз дар Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Раҳимзода дар ибтидои ин мулоқот барои сафири Чин дар Тоҷикистон орзуи муваффақият кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷурму ҷиноёт баррасӣ шуд.

Масоили марбут ба чолиш, таҳдидот ва муборизаи муштарак бо мушкилот ва буҳронҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аз дигар мавзӯоте буд, ки аз сӯйи вазири кишвари Тоҷикистон ва сафири Чин мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф зимни ин мулоқот омодагии худ барои тавсеа ва густариши бештари равобит миёни Тоҷикистон ва Чин дар заминаи мубориза бо ҷароимро эълом карданд.