Сентябр 14, 2016 10:03 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Раҳмон аз гароиши ҷавонони суғдӣ ба гурӯҳҳои террористӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз гароиши ҷавонони устони Суғд ба гурӯҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки барои дидор аз устони Суғд дар ин минтақа ба сар мебурд, дар гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва сокинони ноҳияи Спитамен гуфт, дар ҳоли ҳозир 400 нафар аз ҷавонони ин устон шомили гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ шудаанд, ки 36 тан аз онон аз шаҳристониСпитамен ҳастанд.

Вай таъкид кард, то ба имрӯз даҳҳо нафар аз сокинони устони Суғд дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ, барои манофеи бегонагон кушта шудаанд, ки далели ин фоҷеа, надоштани дарки дуруст аз Ислом мебошад.

Ба  гуфтаи Раҳмон, хушунат ва терроризм ҳеҷ иртиботе бо Ислом надорад ва тамоми даргириҳои минтақа, тарҳи душманони Ислом мебошад, ки бо ҳадафи эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои исломӣ тадвин шудааст ва ҷавонони ноогоҳ ба доми фиреби мубаллиғони ин гурӯҳҳо гирифтор мешаванд.

Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 нафари онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифтитоҳи чанд тарҳи санъатӣ ва иҷтимоӣ ва дидор бо масъулон ва мардуми устони Суғд ба ин минтақа сафар кардааст.