Декабр 23, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди гӯшт дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши 5.5 дарсадии тавлиди гӯшт дар ин кишвар дар як сол ахир хабар дод.

Бинобар ин гузориш, ҳаҷми тавлиди гӯшт дар ин кишвар аз ибтидои соли ҷорӣ то авоили моҳи декабр ба ҳудуди 206,1 ҳазор тон расид.

Дар ин давра теъдоди говҳо дар ин кишвар то 3 миллион адад афзоиш ёфта, ки 1.2 дарсад бештар аз соли 2017 мебошад.

Ҳамчунин теъдоди гӯсфанд ва буз дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 107.9 ҳазор адад афзоиш ёфтааст.

Аммо сарфи назар аз афзоиши тавлиди гӯшт ва теъдоди гов, гӯсфанд ва бузҳо қимати гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар ин кишвар бидуни тағйир боқӣ мондааст.

Дар ҳоли ҳозир як килограмм гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе байн 40 то 42 сомонӣ ба фурӯш мерасад.