Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба Сафорати Чин дар Қирғизистон ширкат надоштанд
(last modified Wed, 14 Sep 2016 05:14:00 GMT )
Сентябр 14, 2016 10:14 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамла ба Сафорати Чин дар Қирғизистон ширкат надоштанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки шаҳрвандони ин кишвар дар ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Қирғизистон мушорикат накардаанд ва имкон дорад шиносномаҳои ин афрод мавриди сӯиистифода қарор гирифта бошад.

Ба гузориши "ТОП.тҷ", Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ҳеҷ далеле мабнӣ бар мушорикати мустақими шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Қирғизистон дар рӯзи 30 августи соли ҷорӣ вуҷуд надорад.

Вай гуфт, ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимоли мушорикати шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ дар ин ҳодисаи террористӣ таҳқиқ карданд ва дарёфтанд, ки моликони дорои ду шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар Сурия ба сар мебаранд.

Чандеқабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо интишори баёнияе эълом кард, омилони ҳамлаи интиҳории 30 август ба Сафорати Чин дар шаҳри Бишкек шиносномаи Тоҷикистон доштаанд. Аммо сухангӯи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар посух ба баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, мабнӣ бар истифодаи ду омили ҳамлаи террористии рӯзи 30 августи соли ҷорӣ ба Сафорати Чин дар Бишкек, аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба исмҳои Зоир Халилов ва Фирдавс Муъминҷонов гуфт, ки ин 2 нафар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ҳузур доранд ва мушорикати физикии онон дар ин ҳодиса ғайримумкин аст, бо ин ҳол, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки омилони ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Қирғизистон аз шиносномаи даҳҳо атбои Тоҷикистон истифода карда бошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран генерал Сергей Смирнов, муовини аввали раиси Хадамоти амнияти федерали Русия дар нишасти масъулони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Алмаатои Қазоқистон гуфт, дар ҳодисаи ҳамла ба Сафорати Чин дар Қирғизистон "осори тоҷикӣ, чинӣ ва русӣ" мушоҳида мешавад.