Декабр 25, 2018 10:13 Asia/Dushanbe
  • Саноати кафши Тоҷикистон дар остонаи нобудӣ

Бо вуҷуди тавлиди 716 ҳазор ҷуфт кафш тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бозор кафши ин кишвар дар ихтиёри ширкатҳои хориҷие, ки воридкунандаи ин маҳсул ҳастанд, қарор гирифтааст.

Ба гузориши сомонаи “Tajweek”, имрӯз бозори кафши Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ, туркӣ, узбакистонӣ ва қирғиз қарор дорад, ки маҷоли рушди ин бахшро ба тавлидкунандагони ватанӣ намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири даҳаи 80-и қарни 20, ки ҷамъияти Тоҷикистон 5 миллион нафар буд, корхонаҳои ин кишвар соли беш аз 12 миллион ҷуфт кафш тавлид ва арза мекарданд, аммо акнун, ки ҷамъияти Тоҷикистон ба беш аз 9 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст, ин шохис камтар аз 800 ҳазор ҷуфт дар солро ташкил медиҳад.

Бар асоси омори Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 8 миллион доллар кафш аз хориҷ ба ин кишвар ворид шуда, ки заминаи варшикаст шудан тавлидкунандагони дохилиро фароҳам сохтааст.