Коҳиши маргу мири кӯдакон дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 25 Dec 2018 13:31:36 GMT )
Декабр 25, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маргу мири кӯдакон дар Тоҷикистон

Кумитаи омори Тоҷикистон дар паи таҳқиқоти пизишкӣ ва ҷамъиятшиносӣ аз коҳиши маргу мири кӯдакон дар саросари ин кишвар дар солҳои ахир хабар дод.

Ба нақл аз Форс, дар ҳоле ки дар 2012 омори маргу мири кӯдакони зери 5 сол дар миёни ҳар ҳазор кӯдаки тоҷикистонӣ 43 нафар буд, ин рақам то 2017 ба 33 нафар дар ҳар ҳазор кӯдак коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин 95 дарсади навзодон дар Тоҷикистон бо кумак ва назорати пизишкони ботаҷруба мутаваллид мешаванд ва тақрибан 90 дарсади занони бордор кӯдакони худро дар бемористонҳо ба дунё меоваранд дар ҳоле, ки 5 сол қабл ин шохис 77 дарсад будааст.

Тағзияи муносиби кӯдакон аз дигар авомил муҳимест, ки маргу мир дар байни ононро коҳиш дода ва муҷиби рушди қади кӯдакони тоҷикистонӣ шудааст.

Дар ҳоле, ки то 5 сол қабл 26 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон ба далели тағзияи номуносиб рушди қадии комиле надоштанд, ин шохис дар 2017 ба 18 дарсад коҳиш ёфт.

Ин таҳқиқотро Кумитаи омори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ва кумаки молии Ожонсии тавсеаи байналмилалии Амрико, бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони милал ва теъдоди дигаре аз муассисоти байналмилалӣ анҷом додааст.