Декабр 25, 2018 20:43 Asia/Dushanbe
  • Озодии масъули собиқи ҳизби наҳзати исломӣ дар Панҷакент аз зиндон

Алиҷон Аҳмадов, роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Панҷакент рӯзи 25 декабр аз боздоштгоҳи Хуҷанд озод шуда, ба манзилаш ба деҳаи Дашти Қозӣ баргаштааст.

Ба нақл аз Ахбор, Алиҷон Аҳмадов тақрибан ду ҳафта пеш дастгир ва ба Хуҷанд интиқол дода шуд. Манобеи "Ахбор” гуфта буданд, ки ӯ ба ҳамдастӣ бо Сино Ҳасанзода дар ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд айбдор мешавад. Сино Ҳасанзодаро, ки баъди Алиҷон Аҳмадов роҳбарии ҲНИТ дар Панҷакентро ба дӯш дошт ва соли 2015 ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, мақомот яке аз саркардагони ошӯби хунини маҳбусон мешуморанд.

Сокинони деҳаи Дашти Қозии Панҷакент рӯзи 25 декабр ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки Алиҷон Аҳмадов, сокини ин деҳа ва роҳбари собиқи шуъбаи панҷакентии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) имрӯз аз боздошт раҳо ёфта, ба деҳа баргаштааст.

Алиҷон Аҳмадов, ки солҳои охир аз сиёсат канор рафта, бо микроавтобуси тамғаи "Старекс” дар хатсайри Дашти Қозӣ – Панҷакент мусофир мекашонд, тақрибан ду ҳафта пеш дастгир шуд.

Як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи ошӯби хунини шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ба сомонаи "Ахбор” гуфта буданд, ки Алиҷон Аҳмадовро дар чорчӯби тафтиши парвандаи ин ошӯб ба Хуҷанд бурдаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, то имрӯз даст доштани ҳудуди 60 маҳбус дар он ошӯб мушаххас карда шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятии нав оғоз кардаанд. Яке аз ин маҳбусони гумонбар Сино Ҳасанов (Сино Ҳасанзода), роҳбари собиқи шуъбаи ҲНИТ дар Панҷакент мебошад.

Сино Ҳасанзода рӯзи 22 сентябри соли 2015 бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекард. Ҳоло ӯро ба унвони яке аз саркардагони ошӯб аз маҳбас ба СИЗО гузаронда, нисбаташ парвандаи нав оғоз кардаанд.