Декабр 28, 2018 17:09 Asia/Dushanbe
  • Сохти чанд маркази «вокуниши сареъ» бо сармоягузории Саудӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қасд дорад бо сармоягузории сандуқи подшоҳи Арабистон, чандин маркази вокуниши сареъ эҷод кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қасд дорад бо сармоягузории Арабистони Саудӣ дар ин кишвар се маркази муҷаҳҳази вокуниши сареъ роҳандозӣ кунад.

Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа баъд аз маросими имзои тафоҳумномаи ироаи кумакҳои фаннии сандуқи подшоҳи Арабистон ба хабарнигорон гуфт: Маҷмӯи кумакҳои Арабистон дар эҷоди чунин ниҳоде ба ҳудуди 500 ҳазор доллар хоҳад расид.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки ба тарафи Саудӣ пешниҳоди эҷоди чунин марказҳое дар дигар нуқоти Тоҷикистон низ дода шудааст.

Назарзода бо ишора ба қавли тарафи Саудӣ барои баррасии ҷиддии ин мавзӯъ аз посухи мусбати Арабистон дар ин замина ибрози итминон кард.

Бинобар сӯҳбатҳои Назарзода қарор аст ин се марказ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Бадахшони Тоҷикистон роҳандозӣ шаванд.

Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир барои ҷалби ҳимояти мақомоти тоҷик аз сиёсатҳои минтақаии Риёз, талоши бисёр карда ва додани кумакҳои мухталиф ба Тоҷикистонро барои ҳамроҳ кардани ин кишвар бо этилофи арабӣ дар дастури кори худ қарор додааст.