Иҷро нашудани барномаи тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 29 Dec 2018 07:37:19 GMT )
Декабр 29, 2018 12:37 Asia/Dushanbe
  • Иҷро нашудани барномаи тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷӣ дар Тоҷикистон

Барномаи тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, ки мебоист аз ҳисоби афзоиши содирот таъмин мешуд, амалӣ нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, бо вуҷуди тасвиби барномаи рушди содирот ва тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷии ин кишвар, ин мавзӯи муҳим то ба ҳол дастнаёфтанӣ боқӣ мондааст.

Ин дар ҳоле аст, ки барномаи мушобеҳе, ки мебоист тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро аз ҳисоби афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ то соли 2015 таъмин мекард, иҷро нашудааст ва ҳукумати ин кишвар муваззаф шуд, ки то соли 2020 ба ин амри муҳим даст ёбад.

Аммо бо гузашти 3 сол аз тасвиби барномаи ҷадиди тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, ба назар мерасад, ки дастёбӣ ба ин аҳдоф то соли 2020 низ бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад буд, зеро мизони тиҷорати хориҷии ин кишвар тайи 11 моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 843 миллион доллар расида, ки 1 миллиарду 861 миллион доллар ба нафъи воридот аст.

Ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 991 миллион доллар эълом шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Аз назари ҳукумати Тоҷикистон, яке а роҳҳои умдаи тағйири тарози манфии тиҷорати хориҷии ин кишвар, коҳиши хомфурӯшӣ ва содироти маҳсулоти мухталифи саноатӣ мебошад, ки бояд дар дохили ин кишвар бо сохти корхонаҳои ҷадид ба ин амри муҳим даст ёфт.

Бештар бихонед: