Фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 29 Dec 2018 08:33:20 GMT )
Декабр 29, 2018 13:33 Asia/Dushanbe
  • Фарсудагии мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, беш аз 25 дарсади мошинолоти кишоварзии ин кишвар ба далели кӯҳна ва фарсуда шудан, ғайриқобили истифода мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, наздик ба 7 ҳазор ё беш аз 25 дарсади мошинолоти кишоварзии ин кишвар, ки дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзӣ қарор дорад, қобили истифода намебошад.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 26 ҳазору 969 ҳазор дастгоҳ  трактор дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон қарор дорад, ки танҳо беш аз 20 ҳазор дастгоҳ қобили истифодааст.

Тоҷикистон барои таъмини ниёзи ширкатҳои кишоварзии худ тайи солҳои ахир беш аз 10 ҳазор дастгоҳ трактор аз хориҷ ва умдатан аз ҷумҳурии Беларус ворид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ҳисор марҳалаи дувуми корхонаи монтажи тракторҳои Беларус ба баҳрабардорӣ расид, ки аз зарфияти тавлиди ҳазору 700 дастгоҳ трактор дар сол бархурдор мебошад. Таҷҳизоти насбшуда дар ин корхона имкони тавлиди тракторҳои “Беларус 80” ва “Беларус 82” - ро фароҳам месозад, ки ба тадриҷ ба зарфияти арзаи ҳазору 700 дастгоҳ аз ин таҷҳизот дар сол хоҳад расид.

Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба иллати кӯҳнаву фарсуда шудани мошинолоти кишоварзӣ ба шиддат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад, ки бо роҳандозии корхонаи монтажи тракторҳои Беларус дар шаҳраки Ҳисор, заминаи таъмини ин навъи васоил фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин Вазорати саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон умедвор аст, ки битавонад бахше аз ин тракторҳоро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.