Декабр 29, 2018 20:45 Asia/Dushanbe

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ба вуруди коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикон ниёз дорад ва барои Тоҷикистон низ фаъолияти коргарони муҳоҷир дар Русия аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст.

Аммо бо вуҷуди аҳаммияти вижаи ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои ин кишвар ва ҳамчунин барои Тоҷикистон, бархурди баъзе мақомот ва шаҳрвандони Русия ба корҷӯёни тоҷикистонӣ тағйир накардааст ва ҳанӯз ҳам онҳо бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳамкорамон Азизӣ дар гузориши вижаи худ, ин мавзӯро баррасӣ кардааст.