Декабр 30, 2018 09:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳеҷ тағйироти ҷиддӣ дар соли 2019 дар Тоҷикистон иттифоқ нахоҳад афтод

Таҳлилгари тоҷик мӯътақид аст, ки дар соли нави 2019 дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар рух нахоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Азия-плюс, Нуралӣ Давлат гуфтааст, ки бидуни ҳеҷ тағйири ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, ин кишвар барои интихоботи парлумонии соли 2020 омода хоҳад шуд. Ҳарчанд ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ҳатто теъдоде аз намояндагони маҷлиси қонунгузории ин кишварро дуруст намешиносанд ва агар дар соли 2020 низ интихоботи парлумонӣ баргузор шавад, ин шароит боз ҳам такрор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Нуралӣ Давлат, аксари мардуми Тоҷикистон ба раванди сиёсӣ дар кишварашон таваҷҷуҳе надоранд, аммо дар иқтисод ҳама чиз ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия бастагӣ хоҳад дошт, зеро 25 сол аст ин маблағҳо нақши муҳимме дар ҳифзи суботи иҷтимоии ҷомеа ва таъмини ниёзи молии хонаводаҳо ифо мекунанд.

Ба ақидаи Нуралӣ Давлат, дар сурате ки бар асари ташдиди таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия мизони маош ва дастмузди коргарони муҳоҷир аз ҷумла тоҷикон коҳиш ёбад, ин омил сабаби эҷоди нобасомонӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон хоҳад шуд, ки дар 4 соли ахир мо шоҳиди коҳиши саддарсадии арзиши сомонӣ воҳиди пули миллии ин кишвар шудем.

Аз сӯи дигар коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар 4 сол охир аз 4 миллиард доллар ба 2 миллиард доллар дар сол, тавони бозпардохти супурдаҳои бонкии мардумро аз байн бурд ва низоми бонкии ин кишвар бо буҳрони варшикастагӣ рӯбарӯ шуд.

Ин раванд заминаи қатъи фаъолияти даҳҳо ҳазор фаъоли бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро фароҳам кард, ки дар сурати беҳбуд наёфтани фазои касбу кор ва коҳиши молиёти пардохтӣ дар соли 2019 низ бояд дар интизори идомаи ин рӯйдод буд.

Нуралӣ Давлат: Бидуни ҳимояи ҷомеаи ҷаҳонӣ талоши таъмини сулҳу субот зери суол меравад

Барчасп