Мухолифати Вазорати дифои Тоҷикистон бо форсисозии рутбаҳои низомӣ
Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи ироашуда аз сӯи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти ин кишварро дар мавриди форсисозии рутбаҳои неруҳои низомӣ ба ҷои номиҳои русӣ рад кард.
Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, Абдурраҳим Зулфониён корманди аршади ва истилоҳоти ин кишвар гуфтааст, ки Вазорати дифоъ бо ирсоли номае ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ин замина зарурате вуҷуд надорад ва манобеи молии кофӣ барои ин иқдом дар ихтиёр нест.
Ба гуфтаи Зулфониён, Вазорати дифои Тоҷикистон муддаӣ аст, ки теъдоде аз ин вожаҳо истилоҳоти байналмилалӣ аст ва тарҷумаи ин рутбаҳо лузуме надорад.
Ин дар ҳоле аст, ки теъдоде аз номи рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон вожаҳои сирфан русӣ аст, ки дар забони тоҷикӣ, калимаҳои муодили онҳо вуҷуд дорад.
Ду моҳ қабл Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба вазорати дифои ин кишвар тарҳи форсиисозии рутбаҳои неруҳои низомиро ирсол кард.
Иддае аз низомиён ва коршиносон муддаианд, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил набояд аз номҳои русӣ барои рутбаҳои неруҳои низомӣ истифода кунад.
Истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти забони русӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле идома дорад, ки дар ин кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ, вожаҳое назири артш, сипоҳ, лашкар, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, гурӯҳ ва рада вуҷуд дорад, ки ба осонӣ метавонанд ҷойгузини вожаҳои низомии русӣ шаванд.