Декабр 31, 2018 10:16 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии фаъолияти Фурудгоҳи Бохтар пас аз 15 моҳ таътилӣ

Бо парвози ҳавопаймои ширкати русии “Nordwind” (Северный ветер) аз фурудгоҳи шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон ба Маскав, фаъолияти ин фурудгоҳ пас аз15 моҳ таътилӣ аз саргирифта шуд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ба гуфтаи Фарҳод Абдураҳмонзода, мудири ин фурудгоҳ, ширкати русии ёдшуда дар нахустин парвозаш 100 мусофир аз вилояти Хатлонро ба фурудгоҳи Шереметево”-и Маскав мунтақил кард.

Вай аз саргирии парвози ҳавопаймоҳо аз маркази вилояти Хатлон ба Русияро ба унвони рӯйдоди муҳим арзёбӣ мекунад, ки заминаи интиқоли сокинони ҷануби Тоҷикистон ба Маскавро пас аз15 моҳ вақфа фароҳам кардааст.

Ширкати русии “ВИМ Авиа” дар моҳи сентябри соли 2017 ба баҳонаи кам будани теъдоди мусофирон ва зиёни молӣ, парвозҳо дар масири Бохтар – Маскавро, ки 5 рӯз дар ҳафта буд, мутаваққиф кард. Аз ин рӯ, сокинони вилояти Хатлон маҷбӯр буданд аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Кӯлоб барои парвоз ба Русия истифода кунанд, ки бо ҳазинаи молии изофӣ барои онон ҳамроҳ буд.

Фарҳод Абдураҳмонзода гуфтааст, ки дар соли ҷадиди 2019 ширкати русии “Nordwind Airlines” маттааҳид шуда, ки мусофирони ҷануби Тоҷикистонро ба шаҳрҳои Екатеринбург ва Санкт-Петербурги Русия низ мунтақил кунад.

Нархи билети ҳавопаймо барои ҳар мусофир аз фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба Маскав 1 ҳазору 580 сомонӣ (муодили 170 доллар) аст, ки дар муқоиса бо парвози Кӯлоб – Маскав 200 сомонӣ арзонтар аст.

Туркия 20 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳ ба кишварашон бозгардонд

 

 

Барчасп