Декабр 31, 2018 10:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ихтиёроти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар интисоби дипломатҳои ин кишвар

Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни “Хадамоти дипломатӣ”-и ин кишвар, ба ихтиёроти раисиҷумҳур дар интисоби дипломатҳо афзудааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Муҳаммадюсуф Имомзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин ислоҳия гуфтааст, ки акнун кормандони дафтари раёсатҷумҳурии ин кишвар низ, ки бо масоили равобити байналмилалӣ сару кор доранд, аз мақоми дипломатӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

Бар ин асос, тамоми кормандони идораи дастёри раисиҷумҳур дар умури байналмилал, бахши равобити хориҷии дафтари раёсатҷумҳурӣ ва хадамоти ташрифоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шомили нирӯи инсонии Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар низ мешаванд ва аз мақоми дипломатӣ бархӯрдор мешаванд.

Муайян карда шуд, ки кормандони мазкур бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроия дар мувофиқа бо раисиҷумҳур ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати умури хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш таъин карда мешаванд.

Тағйироти нав инчунин муқаррар намудаанд, ки минбаъд тартиби ҷойивазкунии кормандони хизмати дипломатиро на Вазорати умури хориҷӣ, балки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон муайян мекунад.