Декабр 31, 2018 21:42 Asia/Dushanbe

Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон бо таъсиси коргурӯҳи вижа дар ҳоли омодасозии асноди ҳуқуқии тарҳе барои ироа ба Маҷлиси намояндагон аст, ки дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа аст.

Бар асоси ин тарҳ, қарор аст вуруди бонувон бо пушиши исломӣ ба идорот ва марокизи давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон мамнуъ шавад. Ин иқдом бо мухолифати густардаи фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст.