Январ 01, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Идомаи вокунишҳои манфӣ ба тарҳи мамнуияти ҳиҷоб дар Тоҷикистон

Тарҳи гурӯҳи вижаи ҳукумати Тоҷикистон барои мамнуъ кардани вуруди бонувони ҳиҷобпуши тоҷик ба идораҳои давлатӣ ҳамчунон бо вокунишҳои манфӣ рӯ ба рӯ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Собир Абдурраҳмонов, яке аз фаъолони мадании тоҷик дар саҳифаи шахсии худ матлаберо дар дифоъ аз ҳиҷоб нигошта ва унвон кардааст, ки имрӯза бонувони зиёде дар ҷаҳон бо вуҷуди риоя сатри динӣ муваффақ ба касби муваффақиятҳои бузург шудаанд.

Дар ин матлаб ба ду тан аз чунин занон ишора шудааст, ки аввалӣ Ҳалима Яъқуб, раисҷумҳури мунтахаби кишваре аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта Сингапур ва дувумӣ Таваккул Карман, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз кишвари Яман аст.  

Дар идомаи матлаб омадааст: “Занони мусулмон ҳазору 400 сол аст, ки ба сабаби риояи сатр аз фаҳш ва бешармӣ дур гаштаанд ва намояндагони динҳои дигар ва ҳатто бединҳо низ ба сатр ва иффати зани мусулмон ҳасад меварзиданд, аммо имрӯз магар ин сатр барои занони мо магар бегона аст? Оё либос ва шарму ҳаё барои мо бегона шуда? Оё Қонуни асосӣ дигар шуда ва тағйир кардааст? Ҳол онки дар Қонуни асосии Тоҷикистон зикр шуда, ки бонувони мусулмон аз ҳаққи интихоби либос бар асоси эътиқодоти худ бархурдоранд”.

Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон бо таъсиси коргурӯҳи вижа дар ҳоли омодасозии асноди ҳуқуқии тарҳи мамнуияти вуруди занон ва духтарони боҳиҷоб ба идороти ҳукуматӣ ва хусусӣ ва ироаи он ба маҷлиси намояндагон аст.