Қимати бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон 10 дарсад арзон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40635-Қимати_бензин_ва_гази_моеъ_дар_Тоҷикистон_10_дарсад_арзон_шуд
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз коҳиши 10 дарсадии қимати бензин, сӯхти дизелӣ ва гази моеъ дар марказҳои сӯхтгирии ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 02, 2019 10:02 Asia/Dushanbe
  • Қимати бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон 10 дарсад арзон шуд

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз коҳиши 10 дарсадии қимати бензин, сӯхти дизелӣ ва гази моеъ дар марказҳои сӯхтгирии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мақомоти ин хадамот гуфтаанд, ки пас аз баррасии қимати ин се навъ сӯхт дар бурсҳои байналмилалӣ ва музокира бо ширкатҳои сӯхтрасон дар Тоҷикистон, муваффақ ба коҳиши 10 дарсадии қимати бензин, солярка ва гази моеъ шудаанд.

Агар чанд рӯз қабл дар марокизи сӯхтгирии шаҳри Душанбе як литр бензини навъи 95 ба қимати 8 сомониву 20 дирам ва навъи 92 ба қимати 7 сомониву 90 дирам фурӯхта мешуд, акнун 7 сомониву 80 дирам то 7 сомониву 50 дирам арза мешавад.

Ба далели ин ки дар Тоҷикистон бензин ва солярка ҳамвора қимати яксон доштаанд, акнун қимати ҳар як литр солярка низ ба ҳамин андоза коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин як литр гази моеъ, ки қаблан 4 сомониву 40 дирам ба фурӯш мерасид, акнун 4 сомонӣ таъйин шудааст.

Дар Тоҷикистон дар соли 2018 қимати гази моеъ се бор афзоиш ёфт, ки сабаби эътирози шадиди ронандагон гардид. Зеро дар ин кишвар акнун беш аз 65 дарсади васоили нақлияи умумӣ аз гази моеи воридотӣ ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.

Ҳамчунин қимати як литр бензин ва сӯхти дизелӣ аз 8 сомонӣ фаротар рафт, ки боиси афзоиши қимати дигар маҳсулот дар бозор шуд.

Бо ин ҳол, коҳиши 10 дарсадии қимати бензин, солярка ва гази моеъ ба нархи кирояи роҳ дар Тоҷикистон таъсир накардааст ва ронандагони васоили нақлия, аз ҷумла таксиҳо муътақиданд, ки дар сурати идомаи ин раванд заминаи таҷдиди назар дар ин маврид фароҳам хоҳад шуд.

Масъуд Собиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, бори нахуст аст, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қимати сӯхтро дар кишвар коҳиш медиҳад, зеро таъйини қимат дар бозори сӯхти Тоҷикистон дар инҳисори ширкати русии “Газпром” мебошад ва ин ширкат солҳои қабл ҳамвора анвои сӯхтро бо қимати боло арза мекард.