Январ 02, 2019 12:50 Asia/Dushanbe
  • Манзили шаҳрванди Тоҷикистон, маҳалли аслии таркиш дар шаҳри Магнитогорск

Манобеъи хабарии Русия ба истиноди мақомоти амниятӣ эълом карданд, манзили шаҳрванди Тоҷикиситон дар сохтмони маскунии шаҳри Магнитогорски Русия, маҳалли аслии таркиш будааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар ин ҳодиса, ки дар рӯзи 31 декабр дар як бинои даҳ табақа бар асари нашти газ рух дод, нуҳ нафар кушта ва захмӣ ва сарнавишти даҳҳо нафар номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол сомонаҳои хабарии Znak.com ва   74.ru  бо такя бар ахбори манобеъи амниятӣ навиштаанд, ки манзили шаҳрванди Тоҷикистон, маҳалли аслии таркиш буда ва ин моҷаро эҳтимолан дорои ангезаҳои террористӣ будааст.

Ин фарзия дар ҳоле матраҳ шудааст, ки рӯзи гузашта ба дунболи таъқиби як худрав аз сӯи полиси Русия дар маркази шаҳри Магнитогорск ба далели шубҳа доштан ба террорист будани сарнишинони он, худрав таркидааст ва 3 нафар аз сарнишинон кушта шуданд ва як нафар фирор кард.

Бар асари ҳодисаи рӯзи 31 декабр дар яке аз биноҳои шаҳри Магнитогорски Русия, Шуҳрат Улфатов шаҳрванди Тоҷикистон захм бардошта ва ҳамакнун дар бемористон бистарӣ аст. Ҳамсари 24 солаи вай Раҷабмоҳ Улфатова ва се фарзанди 2, 4 ва 6 солаи вай ба номҳои Аҳмад, Фотима ва Саидмуҳсен аз шумори  мафқудшудагон  мебошанд.